11-уми июни соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 17, синфхонаи 203) ҳимояи диссертатсияи Раимзода Фаррухшоҳ дар мавзуи «Оид ба назарияи муодилаҳои дифференсиалии ғайрихаттӣ дар ҳосилаҳои хусусӣ бо шартҳои ибтидоии функсионалӣ ва татбиқи он дар динамикаи популятсияҳо» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 05.13.18 – Моделсозии математикӣ, методҳои ададӣ ва комплекси барномаҳо баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.