14-уми июни соли 2025, соати 09:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи такрории Айюбзода Хуршеда дар мавзуи «Инъикоси консепти “бойигарӣ” ва “қашшоқӣ” дар системаи фразеологии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ», ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021302– Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.