11 июни соли 2025, соати 10:00 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи такрории диссертатсияи Баҳорзода Сироҷиддин Ашур дар мавзуи «Саҳми Садриддин Айнӣ дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик (нимаи дуюми асри XIX – ибтидои Асри XX)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.09 – Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он дар сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо суроғаи 734025, ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.