11 июни соли 2025, соати 13:30 дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-024 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Назаров Умед Косимович дар мавзуи «Ҷанбаҳои таърихии таҳаввули ҳаракати «Толибон» ва амнияти Осиёи Марказӣ (1991–2021 с.)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.03 – Таърихи умумӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он дар сомонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, ш. Душанбе хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.