14-уми июни соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Тошов Ҳоҷиакбар Муҳидинович дар мавзуи «Масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050200 – Сиёсатшиносӣ (6D050204 - Проблемаҳои сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, инкишофи глобалӣ ва минтақавӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.