24 июни соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 008 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Маҳмадализода Фирдавс Насим дар мавзуи «Хусусиятҳои ҷараён ва муолиҷаи пневмонити интерститсиалии шадиди коронавирусии нав вобаста ба фарқиятҳои типологии фард» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.04 – Бемориҳои дарунӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.