24 июни соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-073 назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи такрории диссертатсияи Султонзода Беҳзод Султонӣ дар мавзуи «Лашкардории Аморати Бухоро дар нимаи дуюми асри XIX - ибтидои асри XX» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ “ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш.Хуҷанд, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 224 шинос шудан мумкин аст.