05-уми июли соли 2025, соати 13: 00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Саидзода Дилшод Саид дар мавзуи “Самтҳои асосӣ ва тамоюлҳои таҳияи сиёсати давлатӣ дар шароити Тоҷикистони муосир” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ, баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.