25 июни соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-053 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Қурбонов Саъди Равшанович дар мавзуи: «Ҷанбаҳои гигиении шароити меҳнат ва вазъи саломатии табибони оилавӣ ҳангоми фаъолият дар шароити иқлими гарм» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисосҳои 6D110201 – Беҳдоштӣ, 6D110203 – Сиҳатии ҷомеа ва тандурустӣ.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.