28 июни соли 2025, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА – 032 назди МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Мавиа Наҷмиддин Саидаҳмад Хайри дар мавзуи «Омӯзиши хусусиятҳои эпидемиологӣ, клиника, ташхис ва табобати лейшманиози вистсералии антропонозӣ (кала-азар) дар шароитҳои муосири Судони Шимолӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.09 – Бемориҳои сироятӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ "Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино" ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.