28-уми июни соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Ғаффорзода Абдуҷаббор Саттор дар мавзуи «Таҳаввули ниҳоди сарварии сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсатшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 23.00.02-– Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинов ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33), шинос шудан мумкин аст.