28 июни соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-019 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Ҳисорак, бинои 11, ошёнаи 1, толори ҷаласаи диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Сайдализода Орзу Илҳом дар мавзуи «Субъекти махсуси ҷиноят» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисоси 6D030300 – Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ 6D030301–Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.