24 июни соли 2025, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-028 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи такрории диссертатсияи Абдухалилзода Шараф Абдухалил дар мавзуи «Хусусиятҳои теплофизикии интерметаллидҳо ва хӯлаҳои эвтектикии системаи алюминий – лантанидҳо (дар доираи лантанидҳои бой), моделсозии қонуниятҳои тағйирёбии онҳо», барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.02.01 – Маводшиносӣ (05.02.01.02 – саноати мошинсозӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раджабовҳо, 10 шинос шудан мумкин аст.