28-уми июни соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Ҳакимов Ҷамолудин Абдураҳмонович дар мавзуи «Идеологияи сиёсии ҳаракати “Толибон” ва таъсири он ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ аз рўйи ихтисоси 23.00.04-Масоили сиёсии муносибатҳои байналмилалӣ, рушди глобалӣ ва минтақавӣ (илмҳои сиёсӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.