30 июни соли 2025, соати 14.00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-006 назди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯчаи Мирзо Турсунзода, 31, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Ғафурзода Нозанин Ғанӣ дар мавзуи «Ҷанбаҳои акушерии осеби шадиди гурдаҳо» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.01 - Момопизишкӣ ва бемориҳои занона баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳ бо нишонии 734002, ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 31 шинос шудан мумкин аст.