01-уми июли соли 2025 соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-089-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Бобоева Зебо Абдукаримовна дар мавзуи «Шуури иқтисодӣ ва роҳҳои такмили он дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа, аз рӯи ихтисоси 09.00.11 – Фалсафаи иҷтимоӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, нишонии 7340225, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33 шинос шудан мумкин аст.