12 уми июли соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Дабирҷони Маҳмад дар мавзуи «Таҳдиду хатари экстремизми сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯйи ихтисоси 6D050200 – Сиёсатшиносӣ (6D050202 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.