18 июли соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-058 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ 121) ҳимояи ошкорои диссертатсияи Ҳақбердиев Ҳақберди Муродбердиевич дар мавзуи «Ҷанбаҳои иқтисодӣ-географии рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити нави иқтисодӣ (дар мисоли вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои география аз рўйи ихтисоси 25.00.24 – Географияи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рекреатсионӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121, шинос шудан мумкин аст.