18 июли соли 2025, соати 14.00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-096 назди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ,21а, маҷлисгоҳи АИКТ) ҳимояи диссертатсияи Негматов Бахтиёр Мирзонабиевич дар мавзуи “Бунёди линияҳои клейстогамӣ ва истифодабарии онҳо дар селексияи пахта” барои дарёфти дараљаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.05 - Селексия ва тухмипарварии растаниҳои кишоварзӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва китобхонаи институт бо нишонии 735022, ш. Ҳисор, шаҳраки Шарора, кӯчаи Дӯстӣ шинос шудан мумкин аст.