22 июли соли 2025, соати 14.00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-096 назди Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 21а, маҷлисгоҳи АИКТ) ҳимояи диссертатсияи Резмонова Қурбоной Шарифовна дар мавзуи “Маҳсулнокии намунаҳои гандуми мулоим (Tríticum aestívum L.) аз коллексияи ИУР-и Федератсияи Россия дар шароити ҷануби Тоҷикистон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзӣ аз рӯйи ихтисоси 06.01.01-Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва китобхонаи институт бо нишонии 735022, ш. Ҳисор, шаҳраки Шарора, кӯчаи Дӯстӣ шинос шудан мумкин аст.