29 августи соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Қаландарбекова Бунавша Худоёрбековна дар мавзуи «Назарияи бозиҳои миллӣ дар доираи консепсияи дарси тарбияи ҷисмонӣ барои хонандагони синфҳои болоӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи академия дар суроғаи 735734, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.