28-уми июли соли 2025, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-082 назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67) ҳимояи диссертатсияи Файззода Рамазон Хурсанд дар мавзуи «Фаъолияти Кумита оид ба беҳдошти меҳнат ва маишати коргарзанон ва занони кишоварз (КБММКЗ) – и назди Раёсати КИМ ҶШС Тоҷикистон дар охири солҳои 20-ум – ибтидои солҳои 30-юми асри ХХ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисоси 07.00.00 - Илмҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ (07.00.02 - Таърихи ватанӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 735140, ш. Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 шинос шудан мумкин аст.