6 августи соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-073 назди Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» (ш. Хуҷанд, гузаргоҳи Мавлонбеков, 1) ҳимояи диссертатсияи Ӯлмасова Мавзуна Абдуаҳатовна дар мавзуи «Саҳми олимони гуманитарии мактабҳои олии вилояти Суғд дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон: охири асри ХХ - ибтидои асри XXI (дар мисоли мактабҳои олии шаҳри Хуҷанд)», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ “ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров” ва дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо нишонии 735700, ш. Хуҷанд, кӯчаи И. Сомонӣ 224 шинос шудан мумкин аст.