11 августи соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи такрории диссертатсияи Абдуллозода Наҷибулло Сайфулло дар мавзуи «Шароитҳои педагогии ташаккули салоҳиятҳои асосии хонандагон бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D010300 – Педагогика ва психология (6D010301 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи академия дар суроғаи 735734, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.