05 сентябри соли 2025, соати 14:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-049 дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҳимояи диссертатсияи Пиров Саидали Мирзоалиевич дар мавзуи «Таҳия ва тадқиқи критерияҳои миқдорӣ барои баҳодиҳии хушоҳангии калимаҳои тоҷикӣ», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.13.11 – Таъминоти математикӣ ва барномавии мошинҳои ҳисоббарор, комплексҳо ва шабакаҳои компютерӣ баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734042 ш. Душанбе, хиёбони академикҳо Раҷабовҳо, 10 шинос шудан мумкин аст.