22-юми августи соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.KOA-002 назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16, бинои маъмурӣ, толори шурои диссертатсионӣ) ҳимояи такрории диссертатсияи Ёрматзода Алишер Ҷолмат таҳти унвони “Технологияи педагогии ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо оила дар тарбияи худшиносии хонандагон” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот (илмҳои педагогӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо нишонии 735360, ш. Кўлоб, кўчаи С. Сафаров, 16 шинос шудан мумкин аст.