17 сентябри соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ (ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ) ҳимояи диссертатсияи Ҳоҷизода Саидмуқбил Қосим дар мавзуи "Асосҳои физикию химиявии технологияи комплексии тозакунии обҳои шахтавӣ ва партов аз металлҳои радиоактив ва вазнин (дар мисоли обҳои шахтавӣ ва партови Тоҷикистони Шимолӣ)" барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои техникӣ аз рӯи ихтисоси 05.17.00 – Технологияи химиявӣ (05.17.01-Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва дар китобхонаи илмии Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кўчаи С.Айнї 299/2 шинос шудан мумкин аст.