17 сентябри соли 2025, соати 11:00 дар шурои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ (ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ) ҳимояи диссертатсияи Давлатов Абдураҳмон Сайраҳмонович дар мавзуи "Асосҳои физикию химиявӣ ва технологии ба даст овардани маҳсулоти борӣ аз маъдани борисиликати кони «Ак-Архар»-и Тоҷикистон" барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисоси 05.17.00 – Технологияи химиявӣ (05.17.01-Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва дар китобхонаи илмии Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кўчаи С.Айнӣ 299/2 шинос шудан мумкин аст.