18 августи соли 2025 соати 10:00 дар шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ (Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии №17, факултети геология, ҳуҷ. 102) ҳимояи диссертатсияи Раҳимзода Бахтиёр Абдулаҳад дар мавзуи «Шароитҳои геоэкологӣ ва дурнамои рушди сайёҳии экологӣ дар ҳудуди Резервати биосферии Ромит» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои география аз руйи ихтисоси 25.00.36 – Геоэкология ва идоракунии истифодабарии табиат (25.00.36.02 – Соҳаи илмҳои география) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.