20 сентябри соли 2025, соати 9:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-004 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, шаҳраки Донишҷӯён, бинои таълимии 8, синф. 102) ҳимояи диссертатсияи Одиназода Комрон Саидаброр дар мавзуи «Такмили танзими давлатии бозори меҳнат дар алоқамандӣ бо равандҳои муҳоҷират: назария, методология ва амалия», барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси: 08.00.01 – Назарияи иқтисодӣ (08.00.01.01 – Назарияи умумии иқтисодӣ (иқтисоди сиёсӣ)) баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.