26 сентябри соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-023 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17) ҳимояи Ҳаитматов Фарҳод Холиқулович дар мавзуи “Хониши мустақилона ҳамчун воситаи ғанигардонии захираи луғавии хонандагони синфҳои болоӣ аз забони англисӣ (дар шароити МТМУ Ҷумҳурии Тоҷикистон)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 13.00.02 - Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.04 - Назария ва методикаи таълими фанхои гуманитарй (тахсилоти миёнаи умумй)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.