18 сентябри соли 2025, соати 16:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-092 назди Донишгоҳи миллии Тољикистон (ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 17) ҳимояи диссертатсияи Насриддинов Ҳукмиддин Наҷмиддинович дар мавзуи “Консепсияи фазилати инсон дар осори ахлоқии Муҳаммад Ғазолӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои фалсафа аз рӯйи ихтисоси 09.00.03 -Таърихи фалсафа баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.