28-уми августи соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-038 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 маҷлисгоҳи шурои диссертатсионӣ) ҳимояи такрории диссертатсияи Абдуғафури Сафар дар мавзуи «Хусусиятҳои фитосенологии баъзе намудҳои лабгулҳои - Lamiaceae Mart. қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои биологӣ аз рӯйи ихтисоси 03.02.01 – Ботаника баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.