18 апрели соли 2024, соати 13:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-035 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Давлатшоев Раҳматшо Ҳимматшоевич дар мавзӯи «Нақши академик Мулло Эркаев дар инкишофи илм ва маълумоти олии касбии Тоҷикистон (солҳои 40-ум – нимаи аввали солҳои 90-уми асри XX)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020301 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АМИТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.