23 сентябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-077 назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2, маҷлисгоҳ) ҳимояи такрории диссертатсияи Қурбонов Сироҷиддин Хайриддинович дар мавзуи «Истифодаи унсурҳои тарбияи ахлоқии педагогикаи мардумии тоҷик дар раванди таълиму тарбияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.01 – Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат дар сомонаи шурои диссертатсионӣ ва китобхонаи академия дар суроғаи 735734, шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов, 11/2 шинос шудан мумкин аст.