30-уми августи соли 2025, соати 09:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Хисорак, бинои таълимии № 7, синфхонаи 102) ҳимояи диссертатсияи Абдуллоева Гулноза Абдуҷаборовна дар мавзуи «Таҳлили иқтисодӣ-омории рушди сохтмони манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.08.01 – Омор баргузор мегардад.
Бо диссертатсия ва автореферат тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.