26 августи соли 2025, соати 10:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-018 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Буни Ҳисорак, бинои 11, толори Шурои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Каримзода Хуршед Сафомудин дар мавзуи «Масъалаҳои асосии танзими ҳуқуқии муомилоти сарватҳои асъорӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.