16 сентябри соли 2025, соати 14.00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-006 назди Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кучаи Мирзо Турсунзода, 31, толори Шурои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Қурбонзода Парвина Қурбонали дар мавзуи «Беҳтаргардонии муолиҷаи доруворигии миомаи занони синни репродуктивӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.01 - Момопизишкӣ ва бемориҳои занона баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон» ва китобхонаи Пажӯҳишгоҳ бо нишонии 734002, ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 31 шинос шудан мумкин аст.