27-уми сентябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079-и назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Набизода Эмомалӣ Қуваталӣ дар мавзуи «Сиёсати инноватсионии давлат ва хусусиятњои он дар шароити соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзадии илмҳои сиёсӣ аз рўйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.