04-уми октябри соли 2025, соати 10:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-079 назди Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, толори шурои олимон) ҳимояи диссертатсияи Ҳабибуллозода Қурбон Ҳабибулло дар мавзуи «Ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хусусиятҳои онҳо дар таҳкими плюрализми сиёсӣ (таҷрибаи Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзадии илмҳои сиёсӣ аз рўйи ихтисоси 23.00.02 – Ниҳодҳо, равандҳо ва технологияҳои сиёсӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФСҲ ба номи А.Баҳоваддинови АМИТ ва дар китобхонаи илмии ба номи Индира Гандии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.