01 октябри соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии муштараки 6D.КОА-042 назди Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ (ш.Душанбе, кӯч. Айнӣ 299/2, маҷлисгоҳи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии АМИТ) ҳимояи диссертатсияи Ғафорзода Сулаймони Мусулмон дар мавзуи «Асосҳои технологии коркарди маъданҳои алюмосиликатӣ Тоҷикистон бо усулҳои кислотагӣ ва гудозиш» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои техникӣ аз рӯйи ихтисосҳои 05.17.00 – Технологияи химиявӣ (05.17.01. – Технологияи моддаҳои ғайриорганикӣ) ва 02.00.00 – Химия (02.00.01 - Химияи ғайриорганикӣ) (соҳаи илмҳои техникӣ) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти кимиёи ба номи В.И. Никитин АМИТ ва дар китобхонаи илмии Институти кимиёи АМИТ ба номи В.И. Никитин АМИТ бо нишонии 734063, ш. Душанбе, кӯчаи С.Айнӣ, 299/2 шинос шудан мумкин аст.