23 октябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии № 10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи № 503) ҳимояи диссертатсияи Қаландаров Сарабек Давлатёрович дар мавзуи «Нақши ВАО дар инъикоси равобити мутақобилаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мамолики арабзабони Халиҷи Форс (Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар ва Амороти Муттаҳидаи Араб)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10.01.10 – Рӯзноманигорӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.