11 -уми октябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6) ҳимояи ошкорои Соҳибова Азиза Нуруллоевна дар мавзуи «Таҳлили муқоисавии истилоҳоти сайёҳӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ: ҷанбаҳои сохторӣ ва семантикӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисоси 10-02-20 –-Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДБЗХТ ба номи С. Улуғзода ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734019, шаҳри Душанбе, кӯчаи Муҳаммадиев, 17/6 шинос шудан мумкин аст.