15 сентябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Қурбонов Вафо Намозалиевич «Таваррум ва роҳҳои пешгирии таъсири манфии он ба рушди иқтисодиёт» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа PhD - доктор аз руйи ихтисоси 6D050900 - Молия (6D050901– Молия, муомилоти пулӣ ва қарз) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.