24 сентябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-071 назди Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 121, бинои 5, толори шуроҳои диссертатсионӣ) ҳимояи диссертатсияи Бобозода Убайдулло Холмирзо дар мавзуи «Асосҳои методии истифодаи масъалаҳои ҳисобӣ дар дарсҳои химия яке аз воситаҳои ташаккули қобилияти маърифатии хонандагон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рўйи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи таълиму тарбия (13.00.02.01 – Назария ва методикаи таълими фанҳои табиӣ (таҳсилоти миёнаи умумӣ) (химия)) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рўдакї 121, бинои 5 шинос шудан мумкин аст.