17 сентябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-060 назди МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» (ш. Душанбе, ноҳияи И. Сомонӣ, кӯчаи Саноӣ 33) ҳимояи диссертатсияи Раҳмонов Ҷамшед Каримович дар мавзуи «Ангиопластика ва стентгузории шараёнҳои андомҳои поёнӣ ҳангоми бемориҳои инсидодӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиб аз рӯйи ихтисоси 14.01.26 – Ҷарроҳии дил ва рагҳои хунгард баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МД «Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» ва дар китобхонаи муассиса бо нишонии 734003, ш. Душанбе, ноњияи И. Сомонӣ, кўчаи Саноӣ 33 шинос шудан мумкин аст.