19 сентябри соли 2025, соати 09:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Неъматов Илҳомидин Усмонович дар мавзуи «Рушди захираҳои молии бозори минтақавии озуқаворӣ (дар асоси маводҳои вилояти Суғд)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси - 08.00.03 - Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.