26 апрели соли 2024, соати 09:00 дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-014 назди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14) ҳимояи диссертатсияи Намозализода Шафқат Намозалӣ дар мавзуи «Ташаккул ва рушди корхонаҳои коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ (дар маводи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.03 - Иқтисодиёти минтақавӣ ва ҳудудӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДДМИТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14 шинос шудан мумкин аст.