26 сентябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-008 назди МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» (ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31) ҳимояи диссертатсияи Соҳибназарова Рухшона Ҳақназаровна дар мавзуи «Беморшавӣ, омилҳои хавф, баъзе масъалаҳои патогенез, оптимизатсияи табобати витилиго» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои тиббӣ аз рӯйи ихтисоси 14.01.10 – Бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» ва дар китобхонаи Донишгоҳ бо нишонии 734026, ш. Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Сино 29-31 шинос шудан мумкин аст.