25 сентябри соли 2025, соати 13:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-020 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, Буни Ҳисорак, бинои таълимии № 10, ошёнаи 5, толори шурои олимон, ҳуҷраи № 503) ҳимояи диссертатсияи Аҳмадзода Фаррухаи Фурӯзонфар дар мавзуи «Таҳлили нарратологии романи тоҷик (дар мисоли «Ҳайҷо»-и Ӯрун Кӯҳзод)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – Филология (6D020501 – Адабиёти тоҷик) баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.